Login

usercockpit

Футбол барои дӯстӣ

Барномаи байналхалқии иҷтимоии кӯдакон - «Футбол барои дӯстӣ» аз ҷониби ҶСО "Газпром", ҳамкори расмии ФИФА ва Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол - 2018, дар чаҳорчӯбаи барномаи глобалии иҷтимоии "Газпром –ба бачагон" амалӣ карда мешавад.

Барномаи «Футбол барои дӯстӣ» ба рушди футболи бачагон, оммавӣ гардонидани варзиши ҷавонон ва тарзи ҳаёти солим, тарбияи таҳаммулпазирӣ ва пешбурди дӯстӣ миёни бачагони кишварҳои гуногун равона карда шудааст. Арзишҳои асосии барнома: дӯстӣ, баробарӣ, адолат, солимӣ, сулҳ, содиқӣ, ғалаба, оинҳо ва шараф мебошанд. Барнома ҳамасола дастгирии зиёд шуда истода, аз ВАО-и пешбари глобалӣ ва миллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳунармандони машҳур ва ситорагони футбол соҳиб шуда истодааст. Зиёда аз 400 000 нафар одамон дар тамоми ҷаҳон ҳамфикрони барнома мебошанд.

Чорабинии асосии барнома Форуми байналхалқии бачагон «Футбол барои дӯстӣ» мебошад, ки дар он бозингарони боистеъдод аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар синну соли 12 солагӣ, ҷамъ меоянд. Писарон ва духтарон, аз он ҷумла кӯдакон бо имкониятҳои маҳдуд, ки футболбозӣ карда метавонанд, арзишҳои асосии умумиинсониро дар чаҳорчӯбаи амалинамоии барнома пеш мебаранд. Барномаи «Футбол барои дӯстӣ» ба сифати майдончаи глобалӣ аз рӯи омӯзонидани сафирони ҷавон ба шаклҳои пешбарии арзишҳои барнома дар тамоми ҷаҳон фаъолона рушд меёбад.

Дар соли 2017 дар барнома футболбозони ҷавон аз 64 кишвари Аврупо, Осиё, Африқо, Амриқои Шимолӣ ва Ҷанубӣ иштирок меварзанд: Озарбойҷон, Алҷазоир, Аргентина, Арманистон, Бангладеш, Белоруссия, Белгия, Булғористон, Боливия, Бразилия, Британияи кабир, Венгрия, Венесуэла, Ветнам, Гана, Олмон, Юнон, Дания, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Исландия, Испания, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Корея, Латвия, Ливия, Литва, Македония, Мексика, Мозамбик, Ҳолланд, Норвеж, Покистон, Лаҳистон, Португалия, Русия, Руминия, Сербия, Словакия, Словения, Сурия, ИМА, Тоҷикистон, Танзания, Тайван, Туркманистон, Туркия, Укроин, Уругвай, Ӯзбекистон, Финлянд, Фаронса, Хорватия, Чехия, Швейтсария, Эстония, Ҷопон, ҶАҶ.

Дар чаҳорчӯбаи қуръапартоии кушода, ки ба оғози расмии барнома санаи 16-уми март бахшида шудааст, 64 футболбози ҷавон бо таври тасодуфӣ ба 8 гурӯҳи Мунтахаби Дӯстии байналхалқии омехта муттаҳид карда мешаванд. Баъд аз қуръапартоии кушод дар 64 кишвар «Эстафетаи дӯстӣ» оғоз меёбад, ки дар чаҳорчӯбаи он, интихоби сафирони ҷавон дар сатҳи миллиӣ гузаронида мешавад.

Форуми панҷуми (ҷашнии) байналхалқии бачагонаи «Футбол барои дӯстӣ» дар Санкт-Петербург аз 26 июн то 3 июли соли 2017 баргузор мегардад. Меҳмонони Форум дар Чемпионати Байналхалқии «Футбол барои дӯстӣ» 2017 байни 8 дастаи мунтахаби Дӯстӣ баргузор мегардад, ки онҳо барои ҷои аввал дар турнир мусобиқа мекунанд.

Ҳамаи чорабиниҳои Форум дар ВАО васеъ инъикос мегарданд. Ҳамасола ба Форум рӯзноманигорони касбии нашриётҳои пешбари кишварон-иштирокчиён, ҳамчунин рӯзноманигорони ҷавон, ки сафирони ҷавони кишвари худро ҳамроҳӣ мекунанд, меоянд. Дар чаҳорчӯбаи барнома барои рӯзноманигорони ҷавон Маркази байналхалқии бачагонаи матбуот ташкил карда шудааст, ки вазифаи он инъикоси ҳамаи фаъолиятҳои барнома дар сатҳи минтақа ва глобалӣ мебошад.

Форум бо ташрифи ҳамаи иштирокчиёни финал Ҷоми Конфедератсияҳои ФИФА-2017, анҷом меёбад.

Аз соли 2014 ҳамасола дар чаҳорчӯбаи барномаи «Футбол барои дӯстӣ» санаи 25 апрел, Рӯзи байналхалқии футбол ва дӯстӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз ҳамаи кишварҳои дар барнома иштирокдошта, бозиҳои дӯстиро мегузаронанд, ки аз ивази Дастпонаҳои дӯстӣ, аломати расмии барнома, нишони таҳаммулпазирӣ, баробарӣ ва тарзи ҳаёти соли мебошад, оғоз меёбанд. Рӯзи байналхалқии футбол ва дӯстиро варзишгарони машҳур, арбобони санъат, рӯзноманигорон ва намояндагони ҳукумат дастгирӣ мекунанд.

Дар чаҳорчӯбаи Форум ҷоизаи махсус - Ҷоми «Нӯҳ арзиш» супорида мешавад. Бо ҷом яке аз клубҳои касбии футбол, ки пайравии бештар ба нӯҳ арзишҳои барномаи «Футбол барои дӯстӣ» бо воситаи хайрия, ташаббусҳои иҷтимоӣ ва дигар лоиҳаҳои ба беҳбудии ҷамъият амалигардидаро нишон медиҳад, қадрдонӣ карда мешавад. Беҳамтогии Ҷоми «Нӯҳ арзиш» дар он аст, ки ғолибро бачагон, иштирокчиёни барномаи «Футбол барои дӯстӣ» муайян мекунанд.

 

Таърихи барнома

 
Форуми аввалин санаи 25 майи соли 2013 дар Лондон баргузор гардид ва варзишгарони ҷавонро аз 8 кишварҳои Аврупо (Булғористон, Британияи Кабир, Венгрия, Олмон, Юнон, Русия, Сербия ва Словения) ҷамъ овард. Иштирокчиёни Форум мактуби кушодро омода намуданд, ки дар он арзишҳои асосии барномаро ҷамъ оварданд: - дӯстӣ, баробарӣ, адолат, солимӣ, сулҳ, содиқӣ, ғалаба ва оинҳо. Мактуб, ки аз ҷониби намояндагони кишварҳо ва сафири глобалии барнома Франтс Беккенбауер имзо карда шудааст, баъдан ба сарварони ташкилотҳои байналхалқии варзишӣ фиристода шуда буд.

Форуми дуюм ҷуғрофияи худро ду маротиба васеъ кард ва футболбозони ҷавонро аз 16 кишвар ҷамъ овард: Беларус, Булғористон, Британияи Кабир, Венгрия, Олмон, Италия, Ҳолланд, Лаҳистон, Португалия, Русия, Сербия, Словения, Туркия, Украина, Фаронса ва Хорватия. Форум аз санаи 23 то 25 майи сол 2014 дар Лиссабон баргузор гардид ва бо интихоби пешвои ҳаракати байналхалқии «Футбол барои дӯстӣ» ба интиҳо расид. Аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ, ки дар он ҳамаи варзишгарони ба Форум даъватшуда иштирок карданд, ҳамчун пешвои ҳаракат ва пешбари арзишҳои асосии барнома ба соли наздик Филипе Суарес аз Португалия гардид.

Дар чаҳорчӯбаи Форум ҳамчунин аввалин маротиба Турнири байналхалқӣ аз рӯи футболи кӯча баргузор гардид. Ғолиби турнир дастаи португалӣ «Бенфика» гардид, ҷои дуюмро «Срвена звезда» аз Сербия гирифт, ва сегонаи пешбаронро дастаи мунтахаби Русия пӯшид.

Форуми сеюми байналхалқии бачагон «Футбол барои дӯстӣ», ки дар Берлин аз санаи 4 то 7 июни соли 2015 баргузор гардида буд, вакилони 24 кишвар аз Аврупо ва Осиёро хайрамақдам гуфт: Австрия, Беларус, Белгия, Боулғористон, Британияи кабир, Венгрия, Олмон, Испания, Италия, Қазоқистон, Чин, Ҳолланд, Лаҳистон, Русия, Сербия, Словакия, Словения, Туркия, Украина, Фаронса, Хорватия, Чехия, Швейтсария, Ҷопон. Иштирокчиён аз кишварҳои осиё, ба барнома - арзиши нуҳӯми асосӣ – шарафро ворид карданд.

Дар Форум дар Берлин аввалин маротиба ҷоизаи махсус – Ҷоми «Нӯҳ арзиш» пешкаш гардид. КФ «Барселона» ғолиб гардид. Бачагон, ки ба КФ «Барселона» овоз додаанд, ба ташаббуси клуб аз рӯи дастгарӣ ва рушди футболи бачагон баҳо доданд, ҳамчунин ёрии КФ «Барселона» ба футболбозони ҷавон аз кишварҳои рушдёбандаро қайд карданд.

Форуми чоруми байналхалқии бачагон «Футбол барои дӯстӣ» аз санаи 26 то санаи 29 майи соли 2016 баргузор гардид. Меҳмонони Форум дар Турнири байналхалқӣ оид ба футболи кӯчаги байни дастаҳо аз 32 кишвар-иштирокчиён, иштирок варзиданд, ҳамчунин соҳиби имконияти суҳбат кардан бо ҳамсолони худ аз дигар кишварҳо ва ситорагони футболи ҷаҳон, аз он ҷумла сафири глобалии барнома Франтс Беккенбауэр гаштанд. Дар чаҳорчӯбаи Форум Ҷоми «Нӯҳ арзиш»-ро ба КФ «Бавария» супориданд. Ҳамчунин дар соли 2016 соҳиби Ҷоми «Нӯҳ арзиш» дастаи «АЛ-ВАҲДА» гашт, ки Сурияро дар Фасли чоруми барномаи «Футбол барои дӯстӣ» намояндагӣ мекард. Маросими супоридани Ҷом дар Барномаи оммавии филми мустанади «Се рӯзи бе ҷанг» дар Димишқ, Сурия амалӣ гардид. Футболбозони клуби «АЛ-ВАҲДА» мукофотро барои пайравӣ ба арзишҳои барномаи «Футбол барои дӯстӣ», ирода ва ғалаба гирифтанд.

 

GLOBAL MEDIA PARTNER

GENERAL MEDIA PARTNER

SPECIAL LANGUAGE PARTNER

LOCAL MEDIA PARTNER

This website uses cookies to enhance usage, for web analysis, advertising purposes and to integrate social media. You hereby give consent for this website or third-party suppliers to place cookies on your device. For more information please see our privacy policy