Login

usercockpit

Дастпонаи дӯстӣ

Дастпонаи дӯстӣ – ин рамзи расмии барномаи «Футбол барои дӯстӣ», нишони таҳаммулпазирӣ, баробарӣ ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Барномаи Дастпона соли 2014-ум таъсис дода шуда, аз ду риштаи оддии ранги кабуд ва сабз иборат аст.

Ранги кабуд аломати осмони кабуду беғубор, барои ҳама ягона ва азиз, осоишта ва оромӣ, мебошад. Сабз – ин ранги майдони футбол, бетағйир ва дастраси ҳама ва ҳар нафар ба он, дар кишвари дилхоҳи ҷаҳон, новобаста аз синну сол, ҷинс ва ҳолати иҷтимоӣ аст.

Иштирокчиёни барномаи «Футбол барои дӯстӣ» Дастпонаҳои дӯстиро қабл аз бозиҳои дӯстонаи футбол ва дигар чорабиниҳои барнома байни худ иваз мекунанд. Бастани Дастпонаи дӯсти аломати омодагии иштирокчиён барои дӯст шудан ва дастгирӣ намудани арзишҳои асосии барнома — таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ байни намояндагона кишварҳои гуногун аст.

Ба сифати сафирони ҳаракати «Футбол барои дӯстӣ» кӯдакон-иштирокчиён ҳамчунин Дастпонаҳои дӯстиро ба арбобони машҳури маданият ва варзиш, рӯзноманигорон ва намояндагони ҳукумат тӯҳфа менамоянд. Ҳамин тавр, Дастпонаи дӯстӣ ба пешбарии арзишҳои барнома ва ҷалб намудани ҷонибдорони нави ҳаракати «Футбол барои дӯстӣ» мусоидан мекунад.

GLOBAL MEDIA PARTNER

GENERAL MEDIA PARTNER

SPECIAL LANGUAGE PARTNER

LOCAL MEDIA PARTNER

This website uses cookies to enhance usage, for web analysis, advertising purposes and to integrate social media. You hereby give consent for this website or third-party suppliers to place cookies on your device. For more information please see our privacy policy