Login

usercockpit

Кӯдакон аз 64 кишвар Футбол барои дӯстиро бозиданд 

01.07.2017 Санкт-Петербург. Дар Санкт-Петербург дар чаҳорчӯбаи фасли панҷуми барномаи байналхалқии иҷтимоии бачагонаи ҶСО «Газпром» «Футбол барои дӯстӣ» чемпионат оиди футбол барои дӯстӣ баргузор гардид.

Чемпионат дар таҳти парчами худ футболбозони ҷавон – сафирони барномаро ах 64 кишвар муттаҳид намуд. Писарбачагон ва духтарбачагони 12-сола ба 8 Мунтахабҳои байналхалқии дӯстӣ муттаҳид карда шуданд, ҷой дар кӯпрукчаи мураббиро мураббиёни ҷавон аз шумораи иштирокчиёни фаслҳои гузаштаи лоиҳа ишғол намуданд.

Аз 27 июн то 29 июн футболбозони ҷавон дар Бошишгоҳи Дӯстӣ қарор доштанд, таҳти сарварии мураббиёни ҷавон ва назорати футболбозони маъруф ҷамъомадҳои машқиро гузаштанд, ки онҳо ба варзишгарон созмон додани муносибатҳо дар майдони футбол, коркарди тактикаи даставӣ ва ҳис намудани китфи рафиқи даставӣ ёрӣ доданд.

1 июл футболчиёни фасли панҷуми Барномаи байналхалқии «Футбол барои дӯстӣ» дар таркиби дастаҳои мунтахабҳо дар газони зумуррадини майдони футбол вохӯрданд ва дар намунаи худ ба ҷаҳон нишон доданд, ки дӯстӣ новобаста аз ҷин, имкониятҳои ҷисмонӣ ва мансубияти наҷодӣ имконпазир аст.

«Ба ман дар ин ҷо будан хеле писанд аст, дафъаи аввал ман бозингар будам, дар фасли мазкур дар нақши мураббии ҷавон баромад менамоям. Вазифаи нав хеле душвор аст, намуна ва сарвари ҳамаи бозингарони дастаи худ будан лозим аст. Ман боварӣ дорам, ки дар оянда худро дар варзиш амалӣ менамоям, эҳтимол, ҳамчун мураббӣ, вале ҳоло орзуи ман – футболбози касбӣ шудан аст» эҳсосоти худро мубодила намуд Эмеке Хенсен (16 сола, Ҳолланд), мураббидухтари ҷавони ягона. 

Қабл аз набардҳои футболӣ таҳти шиори садоқат ба қиматҳои муҳимтарини инсонӣ Сармураббии мунтахаби Санкт-Петербург оид ба регби дар аробачаҳо Владимир Бусигин қуръапартоиро гузаронид.

 «Чунин чемпионат имкоои нишон додани садоқати худ ба қиматҳои муҳимтарини инсонӣ ва тағйир додани нигоҳи калонсолон ба ҷаҳон аст. Ба онҳо нигоҳ мекунам ва худро ба хотир меорам: чанд қадар муҳаббат дар кӯдакон ба бозӣ ва ба футбол, ки моро ҳамҷоя менамояд» - нақл мекунад Владимир Бусигин.

Бо азми қуръа дар чемпионати аввал оид ба футбол барои дӯстӣ, ки дар низоми олимпӣ баргузор гардид, Мунтахаби зарди дӯстон бо Мунтахаби ранги сиани дӯстӣ бозӣ кард, Мунтахаби дӯстӣ бо футболбозони ҷавон аз Мунтахаби оранҷии дӯстӣ вохӯрд.

Дастаи сафед бо Мунтахаби сабз бозиро гузаронид, бачагон дар футболкаҳои бунафшранг бо дастаи ранги кабуд вохӯрӣ гузарониданд. Баъд аз танаффуси кӯтоҳ нимфиналҳо ва финал байни оранҷиён ва бунафшарангон баргузор гардиданд. Бозӣ таҳти шиори дӯстӣ ва баробарӣ гузашт. Бозӣ бо ҳисоби 4:3 ба фоидаи варзишгарон аз Дастаи оранҷӣ ва дастфишурии бозингарон баъд аз ҳуштоки финалӣ ба анҷом расид.

Қисми охири қисми мусобиқавии фавсли сеюми Барномаи байналхалқии иҷтимоии ҶСО «Газпром» «Футбол барои дӯстӣ» стала маросими беҳамтои қадргардонии иштирокчиёни финал гардид. Капитанҳои дастаҳо ба якдигар нишонҳо, ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои махсус аз Иттифоқи Футболи Русия тақдим намуданд.

«Ба бачагони ҷавони чашмдурахш аз тамоми ҷаҳон нигоҳ кардан форам аст. Дар чемпионат оид ба футбол барои дӯстӣ, варзишгарон аз кишварҳои гуногун дар давоми се рӯз ба дастаҳои ҳақиқӣ муттаҳид шуданд. Кӯдакон барои ғалаба чун калонсолон мубориза бурданд, ва ман фикр мекунам, ки онҳоро ояндаи дурахшон интизор аст» - шарҳ дод витсе-президенти ИФР, президенти Премйер-Лигаи футболи Русия, Сергей Прядкин.

Футболбозони ҷавон, ки дар бозии финалӣ иштирок накарданд, як қатор вохӯриҳои дӯстонаро ба дастгирии қиматҳои барномаи «Футбол барои дӯстӣ» гузарониданд. Барои ҳаводорӣ намудан ба варзишгарони ҷавон зиёда аз ҳазор нафар омаданд, байни онҳо футболбозони машҳур, аз он ҷумла сафири русиягии барнома ва бомбардири беҳтарин дар таърихи мунтахаби Русия оид ба футбол Александр Кержаков ва сармураббии дастаи миллӣ Станислав Черчесов, зиёда аз 200 рӯзноманигорони ВАО-и байналхалқии варзишӣ ва намояндагони ассостиатсияҳоии футболи ҷаҳон буданд.

Ба оқиб

GLOBAL MEDIA PARTNER

GENERAL MEDIA PARTNER

SPECIAL LANGUAGE PARTNER

LOCAL MEDIA PARTNER

This website uses cookies to enhance usage, for web analysis, advertising purposes and to integrate social media. You hereby give consent for this website or third-party suppliers to place cookies on your device. For more information please see our privacy policy