Login

usercockpit

Дар Санкт-Петербург Форуми панҷуми байналхалқии бачагон «Футбол барои дӯстӣ» бо иштироки футболбозони ҷавон аз 64 кишвари ҷаҳон баргузор гардид

03.07.2017. Санкт-Петербург. Дар Санкт-Петербург Форуми байналхалқии бачагон «Футбол барои дӯстӣ» дар чаҳорчӯбаи ташаббуси иҷтимоии ҶСО «Газпром», ҳамкори расмии FIFA ва Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол 2018™ баргузор гардид. Дар чорабинӣ зиёда аз 1000 меҳмонон аз 64 кишвари ҷаҳон — футболбозони ҷавон (писарбачагон ва духтарбачагон, аз он ҷумла бо ногиронӣ), рӯзноманигорони ВАО-и пешбари ҷаҳон, ситорагони футбол, қаҳрамонони бозиҳои Олимпӣ ва Паралимпӣ, афсонаҳои FIFA, сарварони FIFA, Кумитаи олимпии Русия ва хазинаҳои байналхалқии хайриявии бачагона, сарварони федератсияҳои футбол иштирок варзиданд. Қиматҳои муҳимтарини барнома сулҳ, баробарӣ ва тарзи солими ҳаёт мебошанд.

Фасли панҷуми барномаи «Футбол барои дӯстӣ» дар шакли нав, бо муттаҳидкунии намояндагони Аврупо, Осиё, Африқо, Амриқои Ҷанубӣ ва Шимолӣ баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаҳои қуръапартоӣ дар оғози фасл футболбозони ҷавон ба ҳашт Мунтахабҳои байналхалқии дӯстӣ муттаҳид карда шуданд. Дастаҳо дар Санкт-Петербург (Русия) дар Чемпионати байналхалқӣ оид ба футбол барои дӯстӣ дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои финалии фасл вохӯрданд.

Дар соли 2017 аввалин маротиба ба Эстафетаи дӯстӣ — марҳилаҳои миллии интихоби футболбозони ҷавон ва рӯзноманигорони ҷавон дар ҳамаи кишварҳо-иштирокчиён оғоз бахшида шуд. Натиҷаҳо ва номҳои иштирокчиён 25-уми апрел дар Рӯзи байналхалқии футбол ва дӯстӣ, вақте ки аз рӯи оин ба иштирокчиёни барнома садҳо ҳазор бачагон ва калонсолон ҳамроҳ шуданд ва дар чаҳорчӯбаи ҷашнгирӣ ба якдигар нишони расмии барнома — Дастпонаи дӯстиро бастанд, эълон карда шуданд. 

Дар давоми фасли панҷум Маркази матбуоти бачагонаи байналхалқии барномаи «Футбол барои дӯстӣ» фаъолият бурд, рӯзноманигорони ҷавон рӯйдодҳои барномаро дар кишвари худ тавзеҳ доданд — навидҳо ва маводҳоро барои ВАО-и пешбари варзишӣ омода карданд, дар офариниши маводҳо барои шабакаи телевизиони байналхалқии «Футбол барои дӯстӣ», рӯзномаи ҳаррӯзаи бачагона, шабакаи радиои расмии барнома ва интернет-захираҳои бачагона иштирок варзиданд. Маводҳо дар 43 забон омода карда шуданд. Чорабинии финалии Барномаи байналхалқии иҷтимоии бачагонаи «Футбол барои дӯстӣ»-ро зиёда аз 2 ҳазор рӯзноманигорон аз тамоми ҷаҳон тавзеҳ доданд.

Дар чаҳорчӯбаи омодагӣ ба Чемпионат ва Форум, бачагон ва калонсолон аз тамоми ҷаҳон дар ҷамъомадҳои варзишӣ-таълимии серӯза дар Санкт-Петербург иштирок варзиданд. Барои онҳо машқҳои футболӣ таҳти сардории мураббиёни ҷавон, мастер-классҳои ситорагони футболи ҷаҳон, дарсҳои бозигии Мактаби нӯҳ қимат, Дарсҳои олимпӣ бо баромади сарварон ва сафирони Кумитаи Олимии Русия гузаронида шуданд.

Аз рӯи оин ҳамаи иштирокчиёни ҷавони чорабиниҳои финалии Барномаи «Футбол барои дӯстӣ» ба бозии футбол ташриф меоранд. Дирӯз бачагон мунтахабҳои Чили ва Олмонро дар финали Ҷоми Конфедератсияи FIFA, ки дар варзишгоҳи нави «Санкт-Петербург» баргузор гардид, дастгирӣ намуданд. 

«Мо лоиҳае офаридем, ки дар он футбобозони ҷавон ҳамчун шахсони амалкунандаи асосӣ баромад менамоянд. Ғояи моро варзишгарон, рӯзноманигорон ва ташкилотҳои ҷамъиятии зиёд дастгирӣ намуданд. Имсол дар «Футбол барои дӯстӣ» миқдори рекордии кишварон — 64 кишвар иштирок карданд. Ин ба бачагон аз тамоми ҷаҳон имконияд дод, ки он онҳо садоқати худ ба баробарӣ ва сулҳро намоиш диҳанд, ва, дар асл, ҳамчун сафирони ҷавони дӯстӣ баромад намояд», — қайд намуд дар сухани шодбошии худ Раиси Шӯрои директорони ҶСО «Газпром» Виктор Зубков (Русия).

«Мо аз дастгирӣ намудани ташаббуси беҳамтои ҳамкори расмии FIFA ва Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол 2018™ ширкати «Газпром»-ро дастгирӣ намудан шодем. Форум – намунаи олиҷаноби онест, ки футбол имкониятҳои баробар ба духтарбачагон ва писарбачагон медиҳад, ва миссияи FIFA — дастгирӣ намудани ташаббусҳои монанд аст», — гуфт Котиби кулли FIFA Фатма Самура.

 

Маълумотнома

Лоиҳаи байналхалқии иҷтимоии бачагонаи «Футбол барои дӯстӣ» аз ҷониби ҶСО ПАО «Газпром» аз соли 2013 амалӣ карда мешавад.

Мақсади барнома — рушди футболи бачагон, тарбияи таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми маданият ва миллатҳои бачагон аз кишварҳои гуногун аст. Арзишҳои асосӣ, ки онҳоро иштирокчиён дастгирӣ ва пешбарӣ мекунанд, — дӯстӣ, баробарӣ, адолат, солимӣ, сулҳ, садоқат, ғалаба, оинҳо ва шараф аст.

Воқеаи асосии лоиҳа Форуми ҳамасолаи байналхалқии бачагон «Футбол барои дӯстӣ» мебошад, ки дар он футболбозони ҷавон аз тамоми ҷаҳон ҷамъ меоянд ва бо намояндагони ВАО ва футболбозони машҳур масъалаҳои риояи арзишҳоро дар тамоми ҷаҳон муҳокима мекунанд.

Ҷоизаи махсуси лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ» — Ҷоми нӯҳ арзиш аст. Ин ҷоизаи беҳамтост, ки ҳамасола ба яке аз клубҳои касбии футбол барои амалӣ кардани ташаббусҳои иҷтимоии арзишҳои лоиҳаро ба ҳаёт татбиқкунанда супорида мешавад. Ғолибро сафирҳои ҷавони лоиҳа бо роҳи овоздиҳӣ, ки дар ҳамаи кишварҳо-иштирокчиёни «Футбол барои дӯстӣ» баргузор мегардад, интихоб мекунанд.

Ҳазорон иштирокчиён аз тамоми ҷаҳон ба лоиҳа ҳамасола ҳамроҳ мешаванд. Дар давоми амалӣ гардидани лоиҳа ҷуғрофияи он хеле васеъ гардид — аз 8 кишвар дар соли 2013 то 64 кишвар дар соли 2017. Садҳо футболбозони ҷавон сафирони ҳаракати «Футбол барои дӯстӣ» ва арзишҳои он дар кишварҳои худ мегарданд. Нишони лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ» — Дастпонаи дӯстиро зиёда аз 400 ҳазор бачагон ва калонсолон дар тамоми ҷаҳон дар бар доранд, аз он ҷумла варзишгарон, рӯзноманигорон, санъаткорон, сиёсатмадорон, президентҳои кишварҳои гуногун.

Кишварҳон-иштирокчиёни лоиҳа дар соли 2017-ум: Австрия, Озарбойҷон, Алҷазоир, Аргентина, Арманистон, Бангладеш, Белоруссия, Белгия, Булғористон, Боливия, Бразилия, Британияи Кабир, Венгрия, Венесуэла, Вйетнам, Гана, Олмон, Юнонистон, Дания, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Исландия, Испания, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Хитой, Корея, Латвия, Ливия, Литва, Македония, Мексика, Мозамбик, Ҳолландия, Норвегия, Покистон, Лаҳистон, Португалия, Русия, Руминия, Сербия, Словакия, Словения, Сурия, ИМА, Тоҷикистон, Танзания, Туркманистон, Туркия, Украина, Уругвай, Ӯзбекистон, Финляндия, Фаронса, Хорватия, Чехия, Швейтсария, Эстония, Ҷопон, ҶАҶ.

Фасли панҷум дар шакли нав баргузор гардид. Ба ҷои дастаҳое, ки клубҳои футболии кишварҳои гуногунро намояндагӣ мекунанд, футболчиёни ҷавон ба ҳашт мунтахабҳои байналхалқӣ — Мунтахабҳои Дӯстӣ ҳамҷоя карда шуданд. Дастаҳои иборат аз ҳашт нафар аз ҳисоби писарбачагон ва духтарбачагон, аз он ҷумла бо имкониятҳои маҳдуд, дар синни 12 сол ташкил карда шуданд. Кумитаи байналхалқии ташкили лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ» дар ҳамҷоягӣ бо федератсияҳои миллии футбол як нафарӣ аз ҳар як кишвар интихоб намуданд.

Ба оқиб

GLOBAL MEDIA PARTNER

GENERAL MEDIA PARTNER

SPECIAL LANGUAGE PARTNER

LOCAL MEDIA PARTNER

This website uses cookies to enhance usage, for web analysis, advertising purposes and to integrate social media. You hereby give consent for this website or third-party suppliers to place cookies on your device. For more information please see our privacy policy