Login

usercockpit

Мавсими панҷуми лоиҳаи VI-уми бачагонаи «Газпром», оғози «Футбол барои дӯстӣ» 

16.03.2017 с. Гамбург, Олмон. Имрӯз «Газпром» — шарики расмии ФИФА ва Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол 2018 — дар бораи оғози Мавсими панҷуми Лоиҳаи байналхалқии бачагонаи иҷтимоии «Футбол барои дӯстӣ», ки дар Санкт-Петербург (Русия) аз санаи 26 июн то санаи 3 июл баргузор мегардад, эълон намуд.

Дар соли 2017 ҷуғрофияи лоиҳа хеле васеъ гардид: - шумораи кишварон-иштирокчиён ду баробар зиёд гардид — аз 32 то 64 кишвар. Аввалин маротиба дар «Футбол барои дӯстӣ», кӯдакон аз Мексика ва ИМА иштирок меварзанд. Ҳамин тариқа, лоиҳа футболистони ҷавони чаҳор қитъа — Африқо, Авруосиё, Амрикои Шимолӣ ва Амрикои ҷанубиро якҷо намуд.

Мавсими панҷум дар формати нав баргузор мегардад. Ба ҷои дастаҳое, ки клубҳои футболии кишварҳои гуногунро намояндагӣ мекунанд, футболчиёни ҷавон ба ҳашт тими мунтахабҳои байналхалқӣ — Мунтахабҳои Дӯстӣ ҳамҷоя карда мешаванд.

Имрӯз дар рафти қуръапартоии кушод, таркиби кишварии мунтахабҳо, ҳамчунин мавҳеъгириҳои бозӣ барои намояндагони кишварон-иштирокчиён муайян карда шуд. Интихоби фардии бозингарон дар чаҳорчӯбаи «Эстафетаи дӯстӣ» баргузор мегардад. Кумитаи байналхалқии ташкилии лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ» дар ҳамдастӣ бо федератсияҳои миллии футбол футболбозони ҷавонро, ки кишвари худро дар соли 2017-ум муаррифӣ менамоянд, интихоб мекунанд. Дастаҳои иборат аз ҳашт нафар аз ҳисоби писарбачагон ва духтарбачагон, аз он ҷумла бо имкониятҳои маҳдуд, дар синни 12-14 сол шакл дода мешаванд.

Қуръапартои дар тартиби интернет-конфросн гузашт. Дар маросим муаллимони варзиши ҷавони Мунтахабҳои Дӯстӣ иштирок карданд: - Михаил Бабич (16 сола, Русия), Рене Ламперт (15 сола, Словения), Стефан Максимович (15 сола, Сербия), Фелипе Соарес (17 сола, Португалия), Чарли Суи (12 сола, Хитой), Эльвира Херцог (16 сола, Швейтсария), Игор Гритсюк (14 сола, Украина) ва Брендон Шабани (15 сола, Британияи Кабир), ва ҳамчунин намояндаи Маркази матбуоти байналхалқии лоиҳа Матсумото (15 сола, Ҷопон).

«Ба сифати бозингар ман дар мавсими соли 2016 иштирок варзида будам. Фикр мекунам, ки ҷузъи лоиҳа будан — ин бахти бузург аст, ки имкониятҳои навро барои ҳар як сафири лоиҳа мекушояд. Агар ман 12-сола мебудам, ман тамоми кӯшишро ба харҷ медодам, ки иштирокчии мавсими нав шавам ва тӯбро дар газони майдончаи футбол бо бачагони дигар ронам!» — гуфт Рене Ламперт, бозингари асосии таркиби ҷавонони КФ «Марибор».

Санаи 25 апрел ба иштирокчиёни барнома даҳ ҳазорон нафар кӯдакон ва калонсолон дар чаҳорчӯбаи идкунии Рӯзи байналхалқии Футбол ва Дӯстӣ ҳамроҳ мешаванд. Ҳар яки онҳо аломати расмии лоиҳа — Дастпонаи дӯстиро, ки аз риштаҳои кабуд ва сабз иборат мебошад ва рамзи баробарӣ ва пайгирии тарзи ҳаёти соли мебошад, мебандад.

1-уми июли дар Санкт-Петербург Чемпионати Байналхалқӣ аз рӯи Футбол барои Дӯстӣ баргузор мегардад, дар чаҳорчӯбаи он ба майдон дастаҳои аз бозингарони ҷавони миллат, ҷинс ва имкониятҳои ҷисмонии гуногун мебароянд.

2-уми июл Форуми Панҷуми Байналхалқии «Футбол барои дӯстӣ» баргузор мегардад, ки дар он кӯдакон дар ҳамроҳии футболбозони машҳур масъалаҳои пешбурди арзишҳои лоиҳа дар кишварҳои гуногунро муҳокима мекунанд.

Дар анҷоми мавсими панҷуми лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ» иштирокчиёни Форум ба бозии финалии Ҷоми Конфедератсияҳо-2017 дар варзишгоҳи «Санкт-Петербург Арена» ташриф меоранд.

Ба таври анъанавӣ, дар давоми тамоми мавсим Маркази матбуотии байналхалқии кӯдакон кор хоҳад кард. Рӯзноманигорони ҷавон дар ҳамаи чорабиниҳои асосӣ бар баробари хабарнигорони калонсол иштирок мекунанд.

«Газпром лоиҳаҳои глобалиро, ки ба оянда равона карда шудаанд, амалӣ менамояд. Ва «Футбол барои дӯстӣ» ба ин хеле дақиқ мувофиқат мекунад. Дар давоми ҳамагӣ чор сол шумораи кишвари — иштирокчи ҳашт маротиба зиёд гардид. Имсол дар Санкт-Петербург футбозони ҷавони якбора чор қитъа вомехӯранд. Ин маънои онро дорад, ки арзишҳои лоиҳаи иҷтимоии мо барои кӯдакон ва наврасони тамоми ҷаҳон фаҳмо ва муҳиманд», — гуфт Раиси Идораи ҶСО «Газпром» Алексей Миллер.

Ташаббуси «Газпром» ба бачагони тамоми ҷаҳон имконияти шунида шуданро медиҳад. Мо 100 фоиз мақсад ва арзишҳои асосии «Футбол барои дӯстӣ»-ро дастгирӣ менамоем. Мо барои мусоидат намудан ба ҳамаи ташаббусҳои кумитаи ташкилӣ то Чемпионати ҷаҳон аз рӯи футбол FIFA 2018, хеле шодем», — гуфт директори тиҷоратии ФИФА Филипп Ле Флок.

 

Маълумотнома

Лоиҳаи байналхалқии бачагонаи иҷтимоии «Футбол барои дӯстӣ» аз ҷониби ҶСО «Газпром» дар чаҳорчӯбаи барномаи «Газпром — ба бачагон» амалӣ карда мешавад. Мақсади барнома — рушди футболи бачагон, тарбияи таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми маданият ва миллатҳои бачагон аз кишварҳои гуногун аст. Арзишҳои асосӣ, ки онҳоро иштирокчиён дастгирӣ ва пешбарӣ мекунанд, — дӯстӣ, баробарӣ, адолат, солимӣ, сулҳ, садоқат, ғалаба, оинҳо ва шараф аст.

Воқеаи асосии лоиҳа Форуми ҳамасолаи байналхалқии бачагон «Футбол барои дӯстӣ» мебошад, ки дар он футболбозони ҷавон аз тамоми ҷаҳон ҷамъ меоянд ва бо намояндагони ВАО ва футболбозони машҳур масъалаҳои риояи арзишҳоро дар тамоми ҷаҳон муҳокима мекунанд.

Ҷоизаи махсуси лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ» — Ҷоми нӯҳ арзиш аст. Ин ҷоизаи беҳамтост, ки ҳамасола ба яке аз клубҳои касбии футбол барои амалӣ кардани ташаббусҳои иҷтимоии арзишҳои лоиҳаро ба ҳаёт татбиқкунанда супорида мешавад. Ғолибро сафирҳои ҷавони лоиҳа бо роҳи овоздиҳӣ, ки дар ҳамаи кишварҳо-иштирокчиёни «Футбол барои дӯстӣ» баргузор мегардад, интихоб мекунанд.

Ҳазорон иштирокчиён аз тамоми ҷаҳон ба лоиҳа, ҳамасола ҳамроҳ мешаванд. Дар давоми амалӣ гардидани лоиҳа ҷуғрофияи он хеле васеъ гардид — аз 8 кишвар дар соли 2013 то 64 кишвар дар соли 2017. Садҳо футболбозони ҷавон сафирони ҳаракати «Футбол барои дӯстӣ» ва арзишҳои он дар кишварҳои худ мегарданд. Аломати лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ» — Дастпонаи дӯстиро — зиёда аз 400 ҳазор нафар дар тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла кӯдакон, калонсолон, варзишгарони номдор ва рӯзноманигорон, санъаткорон, сиёсатмадорон ва президентҳои кишварҳои гуногун доранд.

Кишварҳон-иштирокчиён дар соли 2017-ум: Астрия, Озарбойҷон, Алҷазоир, Аргентина, Арманистон, Бангладеш, Белоруссия, Белгия, Булғористон, Боливия, Бразилия, Британияи кабир, Венгрия, Венесуэла, Вйетнам, Гана, Олмон, Юнонистон, Дания, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Исландия, Испания, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Хитой, Корея, Латвия, Ливия, Литва, Македония, Мексика, Мозамбик, Ҳолландия, Норвегия, Покистон, Лаҳистон, Португалия, Русия, Руминия, Сербия, Словакия, Словения, Сурия, ИМА, Тоҷикистон, Танзания, Тайван, Туркманистон, Туркия, Украина, Уругвай, Ӯзбекистон, Финляндия, Фаронса, Хорватия, Чехия, Швейтсария, Эстония, Ҷопон, ҶАҶ.

 

«Газпром» — ширкати глобалии энергетикӣ. Равияи асосии фаъолият — кашшофии геологӣ, кандан, кашонидан, нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши газ (аз он ҷумла, ба сиҷати сӯзишвории муҳаррикӣ), конденсати газӣ ва нафт, ҳамчунин истеҳсол ва фурӯши энергияи гармӣ ва барқ аст. Ширкат дар ҳудуди Русия, дар кишварҳои Африқо, Шарқи Наздик, Аврупо, Амриқои Лотинӣ, Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Ҷанубу-шарқӣ кор мекунад.

«Газпром» ширкати калонтарини ҷаҳон аз рӯи бузургии махзанҳои гази табиӣ ва ҳаҷми истихроҷи он, расонидани газ ба истеъмолкунандагони русиягӣ ва зиёда аз 30 кишвар амалӣ карда мешавад. «Газпром» ба чаҳоргонаи истеҳсолкунандаи пешбари русиягии нафт ворид аст, ҷои аввалро дар Русия аз рӯи ҳаҷми қудрати насбшуда дар энергетикаи барқи гармӣ мегирад, ҳамчунин пешбари ҷаҳонӣ дар истеҳсоли энергияи гармӣ мебошад.

Дар баробари рушди фаъолонаи фаъолияти истеҳсолӣ «Газпром» ба лоиҳаҳои иҷтимоӣ диққати бузург медиҳад. Ширкат ташкилотҳои бисёри варзишӣ ва чорабиниҳои масштаби байналхалқӣ ва умумирусиягиро дастгирӣ мекунад.

Ба оқиб

GLOBAL MEDIA PARTNER

GENERAL MEDIA PARTNER

SPECIAL LANGUAGE PARTNER

LOCAL MEDIA PARTNER

This website uses cookies to enhance usage, for web analysis, advertising purposes and to integrate social media. You hereby give consent for this website or third-party suppliers to place cookies on your device. For more information please see our privacy policy