Login

usercockpit

Садоқат ба арзишҳои калидии инсонӣ даҳҳо ҳазор нафар одамонро аз тамоми ҷаҳон ҳамҷоя намуд

25.04.2017. Чорабиниҳое, ки сулҳ, дӯстӣ, баробарӣ ва тарзи солими ҳаётро пеш мебарад ва ба Рӯзи байналхалқии футбол ва дӯстӣ бахшида шудаанд, имрӯз дар Аврупо, Осиё, Африқо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ оғоз ёфтанд. Даҳҳо ҳазор нафар бачагон ва калонсолон дар бозиҳои рафиқона, машқҳои кушод, флешмобҳо, телемарафонҳо ва идҳои варзишӣ иштирок мекунанд. Иштирокчиён аз тамоми ҷаҳонро футболбозон, муаллимони варзиш, барандагони телевизион ва ҳунармандони маъруф дастгирӣ менамоянд. 

Аввалин маротиба рӯзи Футбол ва дӯстӣ соли 2014 аз ҷониби сафирони ҷавони Барномаи байналхалқии иҷтимоии бачагони ҶСО «Газпром» «Футбол барои дӯстӣ», ки бо дастгирии ФИФА ва УЕФА баргузор мегардид, эълон карда шуд. Дар ин рӯз, ҳар касе, ки арзишҳои муҳимтаринии одамиятро, ба монанди баробарӣ, эҳтиром ба маданиятҳои дигар ва ҳамзистӣ дар сулҳ, ба дасташ дастпонаи ранги кабуд-сабзтоби дӯстиро мебандад. Риштаи кабуд осмони сулҳро, ва ранги сабз — майдони футболи ба ҳар кас дастрасон маънидод менамояд.

Дар ин сол дастпонаҳои дӯстиро Хюго Тинелли, ТВ продюсери пешбар дар Аргентина, Ксю Ли, сармуҳаррири оҷонсии иттилоотӣ дар Хитой, Димос Пирос, қаҳрамони секаратаи Бозиҳои Олимпӣ аз Юнон, Миодраг Божевич, муаллими варзиши маъруф аз Сербия, Кевин Блум, довари дараҷаи олии ФИФА аз Нидерландия дар бар намуданд.

Дар чорабиниҳо футболбозони маъруф, аз он ҷумла ҳимоятгари сербӣ Бранислав Иванович ва дарбозабони русиягӣ Юрий Лодигин аз клуби футболи Зенит (Санкт-Петербург, Русия), ҳуҷумгари ҳолландӣ Дирк Куйт аз клуби футболии Фейеноорд (Роттердам, Нидерландия) иштирок варзиданд. Дар Афина ба чорабиниро ғолиби қаҳрамонони Аврупо аз рӯи футбол дар соли 2004 дар таркиби тими мунтахаби миллии кишвар Теодорас Загаракис, ки ҳамчун аъзои Парлумони Аврупо аз Юнон амал мекунад, ташриф овард.

«Хеле муҳим аст, ки ин рӯз ба лаҳзае рост меояд, ки дар тамоми ҷаҳон ба одамон садоқат ба принсипҳои баробарӣ ва эҳтироми якдигарро нишон додан ва исбот кардан лозим аст. «Футбол барои дӯстӣ» ин имкониятро дода, тавассути насли наврас одамонро ба сулҳ ва дӯстӣ, новобаста аз ҷинс, синну сол ва имконияти ҷисмонӣ меомӯзонад. Хеле шодам, ки Федератсияи Футболи Покистон ба барнома даъват карда шуд, ба сифати оператори маҳаллӣ. Боварӣ дорам, ки мо низ як вақт финалро дар кишвари мо гузаронида ва кӯдаконро аз тамоми ҷаҳон ба Покистон даъват карда метавонем» - таассуротҳои худро Фаҳад Хон, Федератсияи Футболи Покистон мубодила намуд.

Маълумотнома

Рӯзи ҷаҳонии Футбол ва дӯстиро дар бештар аз 60 давлати ҷаҳон, минҷумла дар Русия, ИМА, Бразилия, Хиндустон, Чин, Олмон, Фаронса, Алҷазоир, Сурия, Ирок, Чопон ва дигар давлатҳо, ҷашн гирифта мешавад.. Дар давоми баргузорӣ зиёда аз 400 ҳазор нафар ба чорабиниҳои идона ҷалб карда шуда буданд. Дар солҳои гуногун Рӯзи умумиҷаҳонии футбол ва дӯсти садҳо футболбозон дастгирӣ намуданд: қаҳрамони футболи ҷаҳон Франтс Беккенбауэр (Олмон), яке аз ҳуҷумгарони пурқувваттарин дар таърихи қитъаи африқоӣ Дидйе Дрогба (Кот дИвуар), ҳимоятгари маъруфи Реали Мадрид Мичел Солгадо (Испания), футболбози собиқи Арсенали Лондон Андрей Аршавин (Русия), капитани собиқи мунтахаби миллӣ Витор Байа (Португалия) ва дигар ситорагони олами футбол.

Лоиҳаи байналхалқии иҷтимоии бачагонаи «Футбол барои дӯстӣ» аз ҷониби ҶСО ПАО «Газпром» аз соли 2013 амалӣ карда мешавад. Лоиҳа бачагони миллатҳои гуногун, ҷинсҳои гуногун, имкониятҳои ҷисмонии гуногунро ҳамҷоя менамояд. Дӯстӣ, сулҳ ва баробарӣ - арзишҳои асоси мебошанд, ки онҳоро иштирокчиёни «Футбол барои дӯстӣ» пеш мебаранд. Мақсади барнома — рушди футболи бачагон, тарбияи таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми маданият ва миллиятҳои бачагон аз кишварҳои гуногун аст. Арзишҳои асосӣ, ки онҳоро иштирокчиён дастгирӣ ва пешбарӣ мекунанд, — дӯстӣ, баробарӣ, адолат, солимӣ, сулҳ, садоқат, ғалаба, оинҳо ва шараф аст. 

Ба оқиб

GLOBAL MEDIA PARTNER

GENERAL MEDIA PARTNER

SPECIAL LANGUAGE PARTNER

LOCAL MEDIA PARTNER

This website uses cookies to enhance usage, for web analysis, advertising purposes and to integrate social media. You hereby give consent for this website or third-party suppliers to place cookies on your device. For more information please see our privacy policy