Login

usercockpit

Ҷоми «Нӯҳ арзиш» 

Ҷоми «Нӯҳ арзиш» – ин мукофоти махсуси барномаи «Футбол барои дӯстӣ» мебошад, ки ҳамасола дар Форуми байналхалқии бачагон ба яке аз клубҳои касбии футбол супорида мешавад.

Бо ҷоми «Нӯҳ арзиш» барои пайравии бештар ба ҳамаи арзишҳои барномаи «Футбол барои дӯстӣ»: - дӯстӣ, баробарӣ, адолат, солимӣ, сулҳ, содиқӣ, ғалаба, оинҳо ва шараф мебошанд.

Клуби футболеро, ки лоиқи Ҷоми «Нӯҳ арзиш» аст, дар се зина интихоб мекунанд: - овоздиҳии байналхалқӣ барои клуби футболи дилхоҳ дар ҷаҳон, ки соҳиби сифатҳои лозима барои гирифтани Ҷоми «Нӯҳ арзиш» мебошад, тартиб додани рӯйхати финалистон, интихоби ғолиб аз ҷониби иштирокчиёни барномаи «Футбол барои дӯстӣ», ки ба сифати сафирони ҷавони арзишҳои онро пешбаранда баромад мекунанд. Ҳамаи иштирокчиёни барнома ба клубе, ки ба фикри онҳо, дастовардҳои бештар на танҳо дар варзиш, вале дар амаликунии ташаббусҳои иҷтимоӣ доранд, овоз медиҳанд. 

Клуби мазкур – на танҳо дастаи футбол, ин намунаест, ки онро футболбозони ҷавон пайравӣ кардан мехоҳанд. Кӯдакон, асосан он калонсолонро интихоб мекунанд, ки вақти бузург шудадашон мехоҳанд мисли онҳо гарданд. Ин мукофотест, ки тасаввуроти кӯдаконро оиди корҳое нек инъикос мекунад, клубҳои касбиро дастгирӣ мекунад ва ба онҳо барои ба баъдан низ ташаббусҳои иҷтимоиро, ки барои ёрӣ ба одамони дигар равона гардидааст, ба ҳаёт татбиқ кардан илҳом мебахшад.

Дар соли 2015 Ҷоми «Нӯҳ арзиш» аввалин маротиба аз ҷониби ҳайкалтароши машҳури олмонӣ Аким Риппергер дар нусхаи ягона барои барномаи «Футбол барои дӯстӣ» омода карда шудааст.

Ҷом асари беҳамтои санъат мебошад. Муҷассама дар намуди шакли футболбози ҷавон, ки дар дасташ курраи заминро дар шакли тӯби футбол дорад, рамзи ояндаро дар дасти насли ба воя расанда, ки аз арзишҳои насли мазкур ба онҳо боварӣ дорад ва онро пеш мебарад, дорад. 

Ҷоми аввалини «Нӯҳ арзиш» ба клуби футболи «Барселона» дар чаҳорчӯбаи Форуми сеюми байналхалқии бачагон «Футбол барои дӯстӣ» супорида шуда буд. Бачагон, ки ба клуб овоз додаанд, ташаббусҳои клубро аз рӯи дастгарӣ ва рушди футболи бачагон, ҳамчунин ёрӣ ба футболбозони ҷавон аз кишварҳои рушдёбандаро қайд карданд. Иштирокчиёни ҷавони Форуми байналхалқии бачагон «Футбол барои дӯстӣ» мукофотро ба Витсе-президенти КФ «Барселона» Рамон Понт супориданд.

Дар соли 2016 Аким Риппергер боз як Ҷоми «Нӯҳ арзиш»-ро омода кард, ҳамчунин дар як нусха, ки онро дар вақти Форуми чоруми бачагон «Футбол барои дӯстӣ» дар Милан ба КФ «Бавария» супориданд. Ҷоизаро Президенти фахрии клуб Франс Беккенбауэр қабул кард.

Ҳамчунин дар соли 2016 соҳиби Ҷоми «Нӯҳ арзиш» дастаи «АЛ-ВАҲДА» гашт, ки Сурияро дар Фасли чоруми барномаи «Футбол барои дӯстӣ» намояндагӣ мекард. Маросими супоридани Ҷом дар Барномаи оммавии филми мустанади «Се рӯзи бе ҷанг» дар Димишқи Сурия амалӣ гардид. Футболчиёни клуби «АЛ-ВАҲДА» мукофотро барои пайравӣ ба арзишҳои барномаи «Футбол барои дӯстӣ» ва ирода ба ғалаба гирифтанд.

 

Дар соли 2017 сафирони ҷавон се финалистро дар пойга барои Ҷоми «Нӯҳ арзиш» интихоб мекунанд. Ғолиб дар Форуми панҷуми байналхалқии бачагон дар Санкт-Петербург санаи 2 июл эълон карда мешавад.

 

GLOBAL MEDIA PARTNER

GENERAL MEDIA PARTNER

SPECIAL LANGUAGE PARTNER

LOCAL MEDIA PARTNER

This website uses cookies to enhance usage, for web analysis, advertising purposes and to integrate social media. You hereby give consent for this website or third-party suppliers to place cookies on your device. For more information please see our privacy policy