Login

usercockpit

Иштирокчиён дар бораи лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ»

«Футбол барои дӯстӣ" ташаббуси аҷоиб барои бачагон аст. Зуд-зуд, одамон ба қадри қобилиятҳои мо намерасанд, вале мо ҷиддан машқ мекунем ва барои беҳтарин бозингар будан ва кишвари худро сазовор муаррифӣ намудан кӯшиш менамоем. Ман аз он мефахрам, ки моро интихоб намуданд, ва интизори вохӯрӣ бо ҳамсолони худ мебошам, ки беҳтаринҳо дар кишварҳои зуд ҳастанд, ва умедворам, ки ба Ал-Ҷазоир бо ғалаба бармегардам.

Лотфи Маҷэр, 14 сола, Ал-Ҷазоир, Ал-Ҷазоир

Ал-Ҷазоир, 2016


«Муаррифии «Бока» дар чунин зӯрозмоии муҳим – ин барои ҳар як футболбоз шараф аст. Ин таҷрибаи беҳамто мегардад, шинос шудан бо дӯстони нав аз тамоми ҷаҳон».

Алексис Гонзалес, 14 сола, Буэнос-Айрес, Аргентина

Аргентина, 2016


«Ман хушбахтам, ки имконияти шиносой бо ҳамсолони худ ва мусобиқа кардан бо онҳо дар майдони футболро дорам. Вақте ки калон мешавам, ман бо онҳо дар вақти мусобиқоти мунтахабҳои миллӣ во мехӯрам, ва мо ҳамҷоя зӯрозмоии "Футбол барои дӯстӣ"-ро ёд меорем».

Рубен Мартиросян, 14 сола, Ереван, Арманистон

Арманистон, 2016


«Лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ» - ин имконияти беҳамтои шиносоӣ бо одамони афсонавист. Ман аз он дар ваҷдам, ки ситораи бузурги футбол ба монанди Франс Беккенбауэрро мебинам, ки ӯ бо дар Форум ҳамчун сафири глобалии лоиҳа иштирок мекунад, ва мо метавонем на танҳо ӯро бубинем, ва ҳатто метавонем бо ӯ суҳбат кунем!»

Андрей Потапенко, 14 сола, Борисов, Белорус
Лиссабон, 23 майи с. 2014


«Барои бачагон саёҳат хеле пурҳосил гузашт: онҳо бо маданиятҳои дигар шинос шуданд ва бо чашмони худ диданд, ки футбол – ин дар навбати аввал бозӣ аст, ки дан он доимо ғолиб гаштан шарт нест. Муҳимтарин он аст – ҳамеша бо он шахсоне, ки бо онҳо дар майдон во мехӯрӣ, эҳтиромона муоила намоӣ».

Элин Топузаков, муаллими варзиш, София, Болгария
Лиссабон, 24 майи с. 2014


«КФ «Флуминенсе» дар машқҳои варзишгарон яке аз усулҳои пешқадамтарин дар ҷаҳонро истифода мебарад: - муносибати маҷмаавӣ ба таълимот, зеро боварӣ дорем, ки одам чӣ қадар хуб бошад, ӯ метавонад ҳамон қадар бозингари хуб бошад. Арзишҳои «Футбол барои дӯстӣ» бо арзишҳои КФ «Флуминенсе» мувофиқат доранд, ва муаррифии Бразилия дар зӯрозмоӣ шараф мегардад, ки он ҳам барои варзиш, ҳам барои бачагон дар тамоми ҷаҳон хеле муҳим аст».

Тиаго Мачедо, муаллими варзиш, КФ «Флуминенсе», Рио-де-Жанейро, Бразилия

Бразилия, 2016


«Ман аллакай 10 сол инҷониб футбол мебозам. Ман ҳимоятгар, аниқтараш ҳимоятгари марказиям, ва ман орзуи футболбози касбӣ шудан, дар дастаи мунтахаби Юнонистон бозӣ кардан ва ғолиби Лигаи чемпионҳои УЕФА гаштанро дорам. Ман аз дар ин ҷо будан хеле хушбахтам. Фикр мекунам, ки аз ҳама асосиаш – ин ёфтани дӯстони нав аст, зеро ки футбол барои ман аҳамияти дӯстӣ, бародарӣ ва солимиро дорад».

Антонис Ойкономопулос, 15 сола, Афина, Юнонистон
Лондон, 25 майи с. 2013


«Ман худро хеле аҷоиб ҳис мекунам, зеро ки ман акнун медонам, ки заковат ва меҳнатпарастӣ қадр карда мешавад. Муваффақият ба ман боварӣ ба он илова намуд, ки ман бо забони англисӣ хуб гап мезанам ва менависам. Ман аз бахт дар қабати ҳафтуми осмонам, зеро ки ҳиссаи худро ба рушди шавқмандӣ ба варзиш илова намуда метавонам. Ман умеди шинос шудан бо ҳамсолон аз тамоми Аврупо, пайдо намудани дӯстони нав ва нигоҳ доштани муносибат бо онҳо баъд аз Форумро дорам».

Ана Зебек, 14 сола, Сепин, Хорватия
Лиссабон, 23 майи с.2014


«Ин рӯзҳои истироҳати фаромушнашаванда буд. Мо вақти худро дар шаҳри олӣ бо шахсони олӣ хеле олӣ гузаронидем. Дар ин шаҳри ҳаяҷоновар ман шахсони хеле аҷибро вохӯрдам, ки дӯстони ман гаштанд, як бозии тамошобобро тамошо кардем, ба ман рӯзноманигор будан хеле писанд омад, зеро ки ин хеле шавқовар аст. Боварӣ дорам, ки ман боз на як бори дигар ҳиссиёти монандро эҳсос менамоям».

Валентин Пейз, 13 сола, Таверни, Фаронса
Лиссабон, 24 майи с. 2014


«Оинҳои футболии кишвари ман хеле пурқувватанд. Вақте ки ман калон мешавам, мехоҳам барои кишвари худ дар сатҳи байналхалқӣ бозӣ кунам. Ҳоло бошад аз он мефахрам, ки Олмонро дар Лоиҳаи байналхалқии «Футбол барои дӯстӣ», ки бачагонро аз ҳамон қадар кишварон ҳамҷоя менамояд, муаррифӣ мекунам».

Робин Флейк, 13 сола, Гелзенкирхен, Олмон
Лиссабон, 24 майи с. 2014


«Вохӯрӣ бо бачагон аз кишварҳои гуногун хеле хуб буд, ҳам бачагон аз дастаи мо имконияти бештар шинос шудан бо ҳамдигарро доштанд. Мо ҳеҷ гоҳ ин рӯзҳоро фаромуш нахоҳем кард, ман умедворам, ки дар соли оянда бо иштирокчиёни дигари лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ» футболбозӣ карда метавонем!

Марсел Ковач, 12 сола, Будапешт, Маҷористон
Лондон, 25 майи с. 2013


«Дар кишвари мо футбол хеле маъруф аст. Клуб ва бозингарони зиёди итолиёвӣ хеле муваффақ гаштаанд. Ва ман низ фикр мекунам, ки ин ҳамин тавр аст, зеро ки миллионҳо одамон содиқи ин бозиянд. Ман хушбахтам, ки дар ин сол дастаи мо дар лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ» иштирок мекунад, ва мо имконияти вохӯрӣ бо бачагон аз кишварҳои гуногунро дорем, ки ҳамчун мо футболро дӯст медоранд!»

Давид Паля, 14 сола, Рим, Итолиё
Лиссабон, 24 майи с. 2014


«Ман аз ширкати «Газпром» барои имконияти иштироки клуби мо дар барномаи иҷтимоии кӯдакон «Футбол барои дӯстӣ» ва шинос намудани кӯдакон бо арзишҳои асосии барнома, ба монанди баробарӣ, дӯстӣ, адолат, сулҳ ва ғайра хеле миннатпазирам».

Олег Холковский, муаллими дастаи наврасони КФ «Дордой», Бишкек, Қирғизистон

Қирғизистон, 2016


«Фикр мекунам, ки маҳорати варзишӣ ва эҳтиром ба маданиятҳо ва миллатҳои дигар аҳамияти калон доранд. Ба ман муҳим нест, ки ранги пӯсти шахс чигуна аст ё ки дини ӯ кадом аст. Маро ба сифати иштирокчии лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ» интихоб намуданд, барои он, ки ман одамдӯстам ва ба ман ёрӣ додан ба одамони дигар ба он хотир аст. ки ман одамдӯст мебошам ва ба ман маъкул аст. ки ба дигарон кӯмак намоям.

Тесса Храсхаус, 13 сола, Алкмар, Ҳолланд
Лиссабон, 24 майи с. 2014


«Мо хеле шодем, ки дастаи мо дар Лоиҳаи байналхалқии иҷтимоии ширкати «Газпром» – «Футбол барои дӯстӣ» иштирок карда тавонист. Бачагони мо имконияти беҳамтои вохӯрӣ бо ҳамсолони худ аз дигар кишварҳо ва бо ҳам дидани таҷрибаи худ бо онҳоро пайдо карданд».

Адам Кухарчик, муаллими варзиш, Варшава, Лаҳистон
Лиссабон, 24 майи с. 2014


«Хуб аст, ки дар вақти Форуми «Футбол барои дӯстӣ» мо на танҳо бо ҳамсолони худ аз дигар кишварҳо во мехӯрем, вале дар зӯрозмоии ҳақиқӣ иштирок мекунем. Ман ончунон шодам, ки дар майдони футбол бо дастаҳо аз 16 кишвар вомехӯрам!»

Филипе Суарес, 13 сола, Лиссабон, Португалия
Лиссабон, 24 майи с. 2014


«Форуми «Футбол барои дӯстӣ» имконияти дидани ҷаҳон, ташриф овардан ба финали Лигаи чемпионҳои УЕФА, дар охир, лаззат бурдан аз бозии касбиёни ҳақиқиро медиҳад. Ин хеле хуб аст! Умуман лоиҳа ба дӯстшавии бачагон аз шаҳр ва кишварҳои гуногун ёрӣ мерасонад. «Футбол барои дӯстӣ» ҳаёти маро тағйир дод. Ман барои худ қарор қабул кардам: футбол барои ман – на танҳо шавқи оддӣ, ҳамааш дар атрофи он сохта мешавад».

Станислав Кутлияров, 14 сола, Екатеринбург, Русия
Лиссабон, 24 май, с. 2014


«Аксарияти иштирокчиёни Форуми «Футбол барои дӯстӣ» футболбозони касбӣ мебошанд. Мо ҳама орзуи карйераи футболии бомуваффақиятро дорем ва мефаҳмем, ки барои мо аз ҳама муҳимаш – ин солимист!»

Марко Янкович, 13 сола, Белград, Сербия
Лиссабон, 24 май, с. 2014


«Ман аз иштирокчии лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ», ки арзишҳои муҳими монанди сулҳро пеш мебарад, хеле шодам. Мо ҷавонем, вале мефаҳмем, ки чизҳое ҳастанд, ки ба ҳама ва ҳар як кас таъсир доранд. Ва мо бетоқатона интизори вохӯрӣ бо ҳамсолони худ аз кишварҳои дигар мебошем, ки фикри чунин доранд!»

Рок Фрезер, 13 сола, Марибор, Словения
Лиссабон, 23 майи с. 2014


«Сурия ҳамеша кишваре буд, ки дар он ҷо ҳаёт, сулҳ ва футболро дӯст медоранд. Ва ин барои мо имконияти бошукӯҳи хабардиҳии даъвати мо бо воситаи футбол ба ҳамаи иштирокчиёни чорабинии глобалии мазкур мебошад. Мо боварӣ дорем, ки маданияти мо, ки таҳаммулпазирӣ, ва зиндагонии боҳузури ҳаловатро дастгирӣ менамояд, муаррифӣ карда метавонем. Ин бе даъват ба барномаи «Футбол барои дӯстӣ» имконнопазир буд, ки барои он мо сипосгузори беандозаем».

Қутайба Ал-Рефай, пресс-атташеи КФ Аль-Вада, Димишқ, Сурия

Сурия, 2016


«Ман пур аз ҳисси фахр будам, вақте ки писари ман бо дарки пурраи ҷавобгарӣ парчами Туркияро дар либоси клуби футболи«Галатасарой» мебурд. Мо сипосгузори шумо ва ҳама мебошем, ки ба писари ман, худам ва оилаи мо гирифтани таассуротҳои чунин ёрӣ расониданд. Аввалине, ки Обен гуфт, ин буд: «Падар, ин хеле аҷоиб буд!» Мо сипосгузори ширкати «Газпром», академияи футбол «Галатасарой» ва муаллимони варзиши дастаи футболи наврасон барои ҳамаи он ҳиссиёт, ки мо эҳсос намудем, мебошем».

Деха Сарачоглу, падари Обен Сарачоглу (иштирокчӣ), Истамбул, Туркия
Истамбул, 12 июни с. 2014


«Мо хушбахти иштирокчиёни лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ» будан, имконияти вохӯрӣ бо ҳамсолони зиёд аз кишварҳои зиёди аврупоӣ ва пайдо намудани дӯстони нав, ки футболро ҳамчун мо дӯст медоранд, ва бо онҳо мо умумиятҳои зиёд дорем, мебошем

Евгений Архипов, 13 сола, Киев, Украина
Лиссабон, 24 майи с. 2014


«Мо футбол бозӣ мекунем ва медонем, ки ғалаба – ин натиҷаи саъю кӯшиши ҳамҷоя аст. Ҳамаи бозингарон ба пуррагӣ дар майдон ҳаракат кунанд, вале ҳамзамон ба онҳо лозим аст, ки дар даста ва барои даста бозӣ кунанд. Ин усули ягонаи ғалаба кардан аст. «Футбол барои дӯстӣ» айнан ҳаминро ташвиқ мекунад, барои ҳамин мо дар ин ҷоем».

Луи Аннесли, 14 сола, Лондон, Британияи Кабир
Лиссабон, 24 майи с. 2014 


«Ман аз он, ки мо қисми чунин барномаи калонҳаҷм гаштем, дар ҳаяҷон ҳастам. Барои мо муаррифии Ветнам ва ҳамроҳ шудан ба дастаҳои наврасон аз тамом ҷаҳон шараф аст. Ман ва дӯстони ман аз даста хеле ҷиддӣ машқ мекунем, ки ба зӯрозмоии дар пеш истода бо умеди наздиктар намудани футболи наврасони ветнамӣ ба футболи ҷаҳон омода бошем. Ҳамаи мо умед дорем, ки дар ояндаи наздик ҳамагон оиди футболи ветнамӣ зиёдтар хоҳанд донист, ва ки барои мо имкониятҳои зиёдтар барои иштирок дар бозиҳои байналхалқии дӯстонаи монанди ин пайдо мешавад».

Нгуен На Мин, 13 сола, Плейку, Ветнам 

Ветнам, 2016

GLOBAL MEDIA PARTNER

GENERAL MEDIA PARTNER

SPECIAL LANGUAGE PARTNER

LOCAL MEDIA PARTNER

This website uses cookies to enhance usage, for web analysis, advertising purposes and to integrate social media. You hereby give consent for this website or third-party suppliers to place cookies on your device. For more information please see our privacy policy